Иди Навруз Муборак бародарону хохарони азиз!!!



Навруз дар Бадахшон.

Ищите что нибудь про Памира.

Навруз дар ин минтакаи кухистони бо номхои Шогун, (Гамун) ва Хидирайём ёд мешавад. Мардуми Бадахшон хангоми тахният ва шодбошии хамдигар «Шогун бахор муборак!!» мегуянд. Маънои ибораи Хидир-айём - аёми чашни бузург аст. Наврузро дар Бадахшон чашни бузург ба ин хотир номидаанд, ки сокинони ин устон кабл аз чашни Навруз чашнхои кучактареро, бо номхои хирпичор ва хирчизон тачлил мекардаанд. Аммо чун Навруз макоми вижа дошта ва бо шукуху шахомати бештаре чашн мешуда, онро Хидир аём – чашни бузург ном гузоштанд. Аммо хирпичор ва хирчизон аз вожаи хир омадааст, ки маънии он хуршед аст, ки мардум аз руи мушохидаи харакати он руз, мох ва солро хисоб мекардаанд. Дар рузи аввали Навруз мардуми минтака тибки суннани мавсум ба «чоруббандон» ва «хонатакони» чоруб баста, ба тамиз кардани манозил ва хаётхои худ мепардозанд. Суманак, кочи, бат ё халво, ширруган, боч ё даля маъмултарин гизохои наврузи дар Бадахшонанд. Бештари гизохо аз гандум, орд ва шир тахия карда мешаванд. Яке аз бозихои наврузии кудакон дар Бадахшон килогузгуз ё талаб-талаб аст. Ош пазКудакон русарихоеро ба даст гирифта ба бомхои хонахо мебароянд ва аз равзана онро ба даруни хона меандозанд. Онхо сурудхои вижае мехонанд, ки сохибхона бо шунидани он бояд дар русарии ин кудакон шириние бибандад. Хамчунин дар Бадахшон бозихои наврузие ба мисли лаш, алвончак, бучулбози, санчак ё колбози, чангондани кабк, хурус, тухм ва амсоли инхо маъмуланд, ки дар рузхои Навруз баргузор мешаванд. Аз суи дигар Навруз дар Бадахшон рузи махсусе барои кишоварзон аст. Онхо дар ин руз чуфти барзаговро ба мазраъа бароварда, ба замин дона мепошанд ва шудгор мекунанд. Манзур аз ин кор - фоли нек гирифтан аст. Яъне, пас аз тахаммули сардии зимистон, ки ба хусус дар ин минтака токатфарсо аст, аз мазраъаи хеш хосили фаровон ва аз осмон файзу эхсон талаб мекунанд. Дар ин мантака суннане ба мисли оташафрузи ва аловпарак роич аст. Хангоми оташафрузи ошголи хонаро чамъовари карда дар оташ месузанд.Гуштингири дар Навруз. Аловпарак расмест, ки пас аз афрухтани оташ, бархе аз мардум як порча ё нахе аз пирохани худро ба оташ меандозанд ва аз болои оташ чахида чунин мегуянд: «Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Хамчунин, мардум ба хуршед эхтироми зиёд мегузоранд, ки ба гуфтаи донишмандони махалли он аз оини мехрпарастии ориёи боз мондааст. Бархе хам вожаи Помирро мураккаб аз вожахои Пой ва Мехр донистаанд, ки минтакаест, муртафеъ ва наздик ба хуршед. Зеро бояд гуфт, ки Бадахшон бинобар иртифоъ аз сатхи дарё бо номи Боми Чахон низ машхур аст. Дар мачмуъ дар Бадахшон Наврузро чашне инсони, милли ва мазхаби, чашни хешовандии инсон ва табиъат, чашни эхё шудан, чашни саховат, мехрубони, авф ва хушхоли, чашни гамзудои ва фоли нек гирифтан ва огози азнавсозихо. Хатто агар дар ин руз дар як хонаводаи Бадахшони тифле ба дунё биёяд, волидайн ба у Навруз ном мениханд. Мардум ба тахнияти онхо меоянд ва мегуянд:Шогунбахормуборак!

Интизори суханхои шумо. ::::::нависед::::::



Hosted by uCoz